Идомаи кумакҳои башарӣ ба осебдидагон
Чоп шуд: 07/06/2024 | admin
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шарикони байналмилалии рушд расонидани кумакҳои башардӯстона ба аҳолии аз сел зарардидаро идома медиҳанд.
Чунончӣ, 7 июни соли 2024 кормандони КҲФ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) бо дастгирии молиявии Бюрои Кӯмаки башардӯстонаи Оҷонсии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ба 180 хонаводаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз сел осеб дидаанд кумакҳои башардӯстона расониданд.