майи 2020

Вазъ дар ноҳияи Хуросон: Паёмадҳои офати табиӣ қадам ба қадам бартараф мешаванд

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ рӯзи 21-уми май зарари расида ба хоҷагиҳо ва сокинони ноҳияи Хуросон аз борону селҳои шадиди маҳи май ва корҳои то кунун анҷомшударо ба ин тартиб хулоса кард: ба 244 хоҷагии деҳаҳои Н. Асадулло, Хуросон ва 18-уми Ҳизби ҷамоати С.Айнӣ зарари иқтисодӣ расидааз ин 33-хоҷагӣ пурра, 9-хоҷагӣ қисман, ба дохили 181ҳавлии сокинон ва хонаҳои истиқоматии онҳо...

Covid-19: шумори мубталоён дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи сироят ба коронавирус эълон кард, ки дар саросари олам ҳоло беш аз 5 миллион нафар мубталои ин беморӣ шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 106 ҳазор нафар чун мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз хабар дод, ки шумори сироятёфтагон ба вируси короно дар дунё аз  5...

Идомаи поккориҳо дар Душанбе, Ваҳдат ва Кӯлоб

Дар саросари кишвар корҳои поккориву беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус идома доранд. Чунончӣ, 20 майи соли 2020 дастаи кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 12 нафар бо 3 адад автомашина, 12 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 адад дорупошаки муҳаррикдор дар ноҳияи Шоҳмансури...

Вазъ дар ноҳияи Хуросон. 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кўчаҳо аз лойю об тоза карда шуданд

Шояд метавон гуфт, ки дигар нигароние вуҷуд надорад, ки оқибати офати табии чанд рӯзи охир ва хисорати он дар ноҳияи Хуросон ба зудӣ бартараф мешавад. Кӯмакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва саховатпешагон ба минтақа сарозер мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии...

Омори нави CОVID-19 дар Тоҷикистон: 2140 мубтало, 470 нафар шифо ёфтанд, 41 тан фавтиданд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 20 майи соли равон дар мамлакат  3532 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595   нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ҳамзамон, то соати 17:00 дақиқаи 20 май дар  кишвар 2140

Мулоқот дар қисмҳои ҳарбӣ ва суҳбатҳо аз короновирус

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Кумита суҳбатҳо дар мавриди коронавируси КОВИД-19, ки дар олам паҳн шудаву миллионҳо нафарро дар қабзаи тарсу ҳарос нигоҳ медорад, роҳандозӣ намуданд.
Дар ин дидору муқотҳо ба хизматчиёни ҳарбӣ дар

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ!

Мақсади мулоқоти имрӯзаи мо баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад. Мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ...

Бразилия дар шумори гирифторон ба кронавирус дар ҷаҳон сеюм шуд

Конгресси  Бразилия қонунеро ба тасвиб равонд, ки тибқи он ҳамаи сокинони мамлакат маҷбуранд ниқоб дошта бошанд. Касоне аз иҷрои қонун саркашӣ менунад, 50 доллар ҷарима мешаванд.  Ин қонун баъди он ки Сенат тасдиқ мекунад, бояд аз ҷониби президент Жаир Болсонар имзо шавад. Худи Болсонар хеле кам ниқоб мепӯшад ва аз аввал то кунун сарвари Бразилия ин бемориро навъе аз зуком медонад...

Чин мегӯяд панҷ воксани зидди короновирусро озмоиш кардааст

Чин ҳам дар бораи озомиши муваффақонаи панҷ воксани мухталиф барои короновирус хабар дод. Мақомоти чинӣ мегӯянд ин воксанҳо ҳоло дар бадани 2575 нафар ихтиёриён мавриди санҷиш қарор гиифтанд. Агар санҷишҳои баъдӣ ҳамин гуна муваффақона бошанд, пас метавон умед кард, ки озмоиши клиникии ин воксанҳо моҳи июл ба таври фарогир оғоз хоҳанд гашт...

Кумакҳои то имрӯз расида ба осебдидани сел дар ноҳияи Хуросон. Вазъ ба эътидол меояд

Оқибатҳои сели рӯзҳои охир, ки ба хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон бахше аз хоҷагиҳои ноҳияи Хуросон зарар расонда буд, тадриҷан бартараф мешаванд. Дар хабарҳои гузашта мо аз ҷараёни ирсоли кумакҳо ба сокинон ва коҳиши мушкилоташон навишта будем. То кунун Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои...

Хайрияи ширкатҳои ҳамкори ӯзбекистониву тоҷикистонӣ ба бемористонҳои аксари навоҳии Тоҷикистон

Дӯсту душманро инсоният дар рӯзи сахтӣ мешиносад. Имрӯз кишвари мо дар чанги вабоест, ки аллакай ба тамоми меъёрҳои зиндагонии одамон тағйирот ворид карда, боз як ҳушдори дигар аз одаму одамгарӣ дод. Ин бадбахтии қаттол дар ҳама олам парда аз рӯйи сиёсатҳо бардошт. Дӯстон дӯсттар гаштанду одамиёни олам бо ҳам тифоқтар мегарданд. Зеро гоҳо бадбахтиҳо одамонро ба ҳам меорад. Хушбахтона, мо пушти...

Поккориҳои Раёсати Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 18 – уми майи соли равон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе гурӯҳи безараргардонии зиддиэпидемиологии Раёсати шаҳри Душанбе иборат аз 13 нафар бо 2 адад автомашина, 10 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ, 3 адад дорупошаки муҳаррикдор ба ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сафарбар шудаанд.

Страницы