январи 2022

Заминларза дар Бодғиси Афғонистон сабаби марги 22 нафар шудааст

Хабаргузории давлатии Бохтари Афғонистон аз ҳалокати 22 ва захмӣ шудани 4 нафар дар заминларзаи ахир дар Бодғис хабар дод. Ин хабаргузори рӯзи душанбе гузориш дод, ки шумори қурбониёни зилзила, ки қаблан 12 нафар гуфта мешуд, ҳоло ба 22 нафар расидааст.

Бино ба хабари бахши форсии ВВС давлати Толибон ва

Кумаки ғизо аз ҷониби IRS ва Мақомот давлатии ноҳияи Айнӣ ба ронандагону мусофирон

Рӯзи гузашта, 17 январи соли 2022 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба сабаби резиши барфи шадид ва лағзиши тарма пурра баста буд. Бахусус вазъ дар километрҳои 80, 100 дар қаламрави ноҳияи Айнӣ хеле ташвишовар буд. Ҳудуди 150 мошини калони боркаш ва бештар аз 160 мошини хурд дар нимароҳ монда буданд.

Ин мошинҳо на пеш метавонистанд раванд ва пас.

Тармаи соли 2022. Роҳҳои пурхатар. Ҳушдорҳои пайваста. Барфу борон ҳамоно ба шиддат меборад

Зимстони имсол ҳам чун солиёни пеш барои минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ ва роҳҳои мошингузари кӯҳӣ вазнин омад. То ба имрӯз даҳҳо ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд ва шумори он ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Рӯзи 16-уми январи соли равон билохира тарма бузургтарин шоҳроҳи кишвар роҳи Душанбе-Хуҷандро муваққатан баст. Садҳо мошин аз ду ҷониб аз сафар бозмонданд.

Ҳушдори КҲФ аз хатари лағзиши тармаву резиши санг. Роҳи Душанбе – Хуҷанд муваққатан баста аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳамоно дар роҳҳои  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст.
16 январи соли 2022 дар километрҳои 62500, 64500, 65500, 66,

Эълони қабули довталабон ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия

Муҳтарам хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталатон барои таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россияро барои солҳои 2022-2023 эълон мекунад.

Тамринҳои тактикӣ дар ҷамоати деҳоти Шарора

Кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шарори шаҳри Ҳисор оид ба мудофиаи гражданӣ машқҳои махсуси тактикӣ доир намуданд.

Машқ дар асоси Нақшаи асосии чорабиниҳои шаҳри Ҳисор оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи...

Мулоқот бо роҳсозони чинӣ дар Роғун

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кормандони ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited», ки саргарми бунёди роҳи Обигарм-Нуробод мебошанд, дидор ва гуфтугӯ карданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои...

Ҷамъбасти фаъолияти Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Турсунзода

Дар «Ширкати алюминии тоҷик» бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021 ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Турсунзода, роҳбарону кормандони ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳисоботҳо оид ба иҷрои чорабиниҳо дар соли гузашта шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2022 муайян карда шуданд.

Диду боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд. Суҳбати рӯбарӯ бо кормандон, афсарон ва сарбозон

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода бо роҳбарон ва ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, сарварони шуъбаҳо ва шӯъбаҳои ноҳиявӣ мулоқот кард, ҳамчунин аз қисми ҳарбии Кумита мустақар дар қаламрави ин вилоят дидан намуд.

Заминларзаи дирӯз. Аз талафоти ҷониву хисорот гузориш нарасидааст

Бино ба гузориши Институти геология  ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 13 январ соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гуфтаи ин  манбаъ маркази заминларза 20 километр шарқи ноҳияи Рашт ва 153 килеметр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 

Муовини корҳои сиёсӣ-тарбиявии сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон муаррифӣ шуд

13 январи соли 2022 ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва ба ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар ин вилоят муовини нави сардори Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявиро муаррифӣ кард.
Ҷонишини Расиси КҲФ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории

Ду хабари рӯзи гузашта. Заминларза дар кишвар. Боз кардани даре дар Душанбе

Бино ба хабари Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 12-уми январи соли 2022 соати 10:26 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 230 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 146 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Хоруғ, дар қаламрави Афғонистон буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 балл буд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар хабар дода нашудааст. 

Страницы