Мулоқот бо роҳсозони чинӣ дар Роғун

Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кормандони ширкати чинии «Hunan Road & Bridge Construction Group Company Limited», ки саргарми бунёди роҳи Обигарм-Нуробод мебошанд, дидор ва гуфтугӯ карданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, аз қабили лағзиши тарма, резиши санг, заминларза, сел мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони КҲФ оид ба мавзеъҳои хатарнок дар ҳудуди шоҳроҳи гузошташуда маълумот дода шуда, инчунин оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор тавсияҳо дода шуданд. 

Барои кормандони ин ширкат ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯши табиӣ ва техногенӣ  координатҳоро ироа карданд. 

барчасп: