Муҳтарам хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталатон барои таҳсил дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россияро барои солҳои 2022-2023 эълон мекунад.
Дар ин озмун ҷавонписарони аз 16 то 22-сола қабул карда мешаванд. Синну соли довталабон дар ҳолати 1 сентябри соли қабул ба ҳисоб гирифта мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ (курсантҳо) ба таҳсили рӯзона дар заминаи таҳсилоти миёна (маълумоти умумии миёна, техникӣ ва маълумоти касбӣ) ва баъди маълумоти миёна қабул карда хоҳанд шуд.
Муҳлати таҳсил аз рӯи барномаи бакалаврӣ 4 сол аст. Омӯзиш ба забони русӣ мегузарад.
Қабули шаҳрвандони хориҷӣ (курсантҳо) ба Академия бо роҳхати мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ сурат мегирад.
Тартиби таълим, дигар намудҳои таъминот тибқи шартнома ба амал бароварда мешавад.
Довталабон аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ аз забони русӣ, фанҳои физика, математика ва меъёрҳои санҷиши омодагии ҷисмонӣ қабул карда мешаванд.
Хоҳишмандони иштирок дар озмун бояд то охири моҳи июни соли 2022 ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита ариза пешниҳод кунанд.
Ҳуҷҷатҳо дар суроғаи: 734013, Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26, Раёсати кадрҳо қабул карда мешаванд. Телефон барои маълумот (+992 37) 227-71-81, факс: 221-91-19.