Activities calendar

03 январи 2019

Консули Тоҷикистон дар Екатерингбург хабари ҳалокати Раҷабмоҳ Улфатова бо се кӯдакашро тайид кард

Сафар Сафаров-Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтааст, ки баъди кофтукови сешабонарӯзӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Улфатова бо се ҷигарбанди хурдсолаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта берун оварда шуд. Мақомот ин чаҳор ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ҳоло онҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд.

Консули Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” ин хабарро тайид кардааст ва бино ба гуфтаи ӯ падари ин фарзандон дар айни замон бо ҳоли вазнин ба бемористони Челябинск бистарист.  

Шумори ҳалокшудагон дар бинои фурӯрафтаи Магнитогорск ба 37 нафар расид

Ҷустуҷӯву кофтукови одамони зери бинои аз таркиш фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск идома дорад. То ҳол 43 нафар аз зери ғарами оҳану бетон ва деворҳои фурӯрафта берун оварда шудаанд ва як шаҳрванди Тоҷикистон низ зинда аз ин бино берун шудааст. Кофтукови чор шаҳрванди кишвар ҳамоно идома дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфи ду рӯзи охир бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорад. Ва дар сурати дарёфти хабар фавран иттилоъ хоҳад дод.