Консули Тоҷикистон дар Екатерингбург хабари ҳалокати Раҷабмоҳ Улфатова бо се кӯдакашро тайид кард

Сафар Сафаров-Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия гуфтааст, ки баъди кофтукови сешабонарӯзӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмоҳ Улфатова бо се ҷигарбанди хурдсолаш аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта берун оварда шуд. Мақомот ин чаҳор ҷасадро шиносоӣ кардаанд ва ҳоло онҳо ба сардхона интиқол ёфтаанд.

Консули Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” ин хабарро тайид кардааст ва бино ба гуфтаи ӯ падари ин фарзандон дар айни замон бо ҳоли вазнин ба бемористони Челябинск бистарист.  

Бино ба гузориши дипломати тоҷик дар ин бино ду хонаводаи тоҷик мезистаанд.  Оилаи Муҳаммадрозиқ Самиев иборат аз 7 нафар аз ин фоҷеаи мудҳиш солим мондаанд.   

Бино ба охирин маълумот, ки сомонаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия интишор додааст, аз хонаи бар асари таркиш фурӯрафтаи Магнитогорск 43 нафар берун оварда шудаанд, ки 37 нафари онҳо ба ҳалокат расидагонанд. Аз ҷумла 6 нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Шаш тан, аз ҷумла ду кӯдак наҷот дода шудаанд. Ҳамаи зарардидагон ба бемористонҳо интиқол ва бистарӣ крада шудаанд. 

Дар маҷмуъ барои ин кор 899 нафар одам, 217 техникаи гуногун машғуланд. Аз вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия 453 нафар ва 59 адад техника, аз ҷумла 3 чархбол ҷалб карда шудааст. 

Як нафар шаҳрванди Тоҷикистон Улфатов Шӯҳрат Муҳмадшоевич, соли таваллудаш 1992 наҷот дода шуда, ҳоло дар бемористони рақами 3 шарҳри Магнитогорск бистарӣ аст.

Рақами телефонҳо дар Русия барои иртибот ва дарёфти иттилоъ: вил. Челябинск  8-351-239-99-99, шумораи телефони федералии ВҲФ Русия: 8-800-775-97-77.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия дар вилояти Челябинск дар иртиботи ҳамешагӣ буда, дар сурати ба даст омадани иттилои нав фавран хабар хоҳад дод.

барчасп: