Activities calendar

26 июни 2019

“Рӯзи дарҳои кушод” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти “Добрососедство” чорабиние бо номи “Рӯзи дарҳои боз” баргузор гардид, ки дар он наздик ба 100 нафар кӯдакон ва наврасони пойтахт ширкат намуданд. Ин чорабинӣ ба 25-умин солгради таъсиси идораи наҷоти кишвар роҳандозӣ шуда буд.