Activities calendar

24 июни 2019

Санҷиши риояи қоидаҳои шиноварӣ дар соҳилҳои кӯлу дарёву ҳавзҳои оббозӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд. Ҳадафи роҳандозии ин чорабинӣ санҷиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои оби шаҳри Душанбе буд. Дар ҷараёни рейдҳо ҳамчунин сатҳи омодагии воҳидҳои наҷот дар соҳилҳо низ санҷида шуданд.

Масъалаҳои Низоми огоҳсозии қаблӣ аз ҷониби гурӯҳи коршиносон дар Кумита муҳокима шуд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи коршиносони байниидоравӣ оид ба васеъ намудани огоҳсозии қаблӣ баргузор гашт. Ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита полковник Камолов Ҷамшед гузашт. 

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои васеъ намудани Низоми огоҳсозии қаблӣ ва рақами кӯтоҳи «112», ирсол намудани