Боз ду рӯзи сербориш: Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 06/06/2019 | admin
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои номусоид то 7-уми июн боқӣ мемонад. Боришҳои пуршиддати имрӯз ва рӯзи оянда метавонанд сабаби рӯйдодҳои нохӯш шаванд. Омадани сели азим бар асари ин боришот, лағзиши тарма, резиши санг эҳтимол дорад. Гармии ҳаво метавонад сабабгори нармиши теппаҳо ва лағзиши хок шавад, барфи обшуда сатҳи оби рӯдхонаҳоро боло мебарад. Ва ҳамаи ин хатаре дорад,