Activities calendar

07 июни 2019

Ҷаласаи фаврии бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода

Имрӯз, 7 – уми июн дар Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи фаврӣ бо ширкати роҳбарони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар баргузор гардид.

Ҳадафи ин ҷамъомад баррасии вазъи расонидани кумакҳо ба аҳолии бар асари омадани сел зарардидаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буд.