Activities calendar

09 ноября 2019

Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 10-уми ноябр

    Тибқи гузориши созмони ҳавошиносии кишвар тақрибан дар ҳама минтақаҳои кишвар рӯзи якшанбе ҳавои гармтар аз имрӯзро интизорем ё ҳаддиақал ҳарорат ҳамоне боқӣ мемонад, ки имрӯз ҳаст. Аммо шабонгаҳон дар баъзе минтақаҳо ҳавои аз имшаб сардтар, дар нуқоти дигар ҳавои аз имшаб боз каме гармтар дар назар аст. Аммо куллан рӯзи якшанбеи мо бебориш аст.  Абрҳо дар аксар қисматҳои кишвар болои сари мо гоҳ-гоҳе соя хоҳанд андохт, аммо бе бориш.

Оташсӯзиҳои нигаронкунанда дар ду иёлоти Австралия

Сӯхторхомӯшкунандагон дар иёлотҳои Уелси Нави Ҷанубӣ ва Квинсленди Австралия  ҳамзамон бо чандин оташсӯзӣ дар бешазорони ин минтақа муқобила мекунанд. Мақомоти расмӣ эълон карданд, ки ҳоло дар 16 нуқтаи ин ду иёлот оташ забона мезанад ва оташсӯзӣ дар 50 нуқтаи дигар низ аз назорат хориҷ шудааст.

Дар мубориза барои пешгирӣ аз доманаи оташ бештар аз як ҳазор кормандони идораи сӯхторнишонӣ, 70 ҳавопаймо ширкат доранд. Аммо мақмомот мегӯянд аз он ки оташ торафт ба манотиқи бештар доман паҳн мекунад, ин ҳама талошҳо алҳол натиҷаи чашмрас надодаанд.