Activities calendar

23 ноября 2019

ДОНИСТАНИҲО: Даҳ макони пурхатари олам барои гардишгарон. Бахши охир бо навори хеле диданӣ

Бешаҳои боронии Амазон (Амрикои Ҷанубӣ. Видео)

Номи бузургтарин ҷангали боронии олам аст, ки дар қисмати шимолии Амрикои Ҷанубӣ ҷой гирифтааст ва бештари он дар хоки Бразилия ва Перу мебошад. Дар бораи оташсӯзии азими Амазон ду моҳ қабл зиёд гуфта мешуд. Беш аз ними ҷангалҳои боронии боқимонда дар ҷаҳон дар Амазон мебошад. Масоҳати умумии ҷангалҳои он 5,5 миллион

Обу ҳавои рӯзи якшанбе, 24-уми ноябр: боз ҳам борону барф, аммо на дар ҳама ҷо

Обу Хавои Руз

Ҳавои рӯзи якшанбеи кишвар боз ҳам боронист. Ба назар мерасад як каме аз бориш мондани ҳаво муваққатӣ буд ва рӯзи якшанбе мо боз шоҳиди борон ва барф хоҳем буд. Албатта, на чун рӯзи ҷумъаи гузашта. Ва сардии ҳаво ҳам тибқи иттилои Агентии ҳавошиносӣ боқӣ мемонад. 

Дар шаҳри Душанбе борону барфи пуршиддат пешгӯӣ

Ҷаласаи муштарак бо Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар шаҳри Хоруғ

22-юми ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатӣ оиди коҳиши хатари офатҳо дар фасли зимистон аз ҳисоби волонтёрон-гурӯҳои посухдиҳӣ  ба ҳолатҳои фавқулодда CERT гузаронида шуд.

Дар маҷлиси мазкур Роҳбари Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи  Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар ВМКБ Абдулҳамид

Як шабонарӯзи корҳои наҷот: боз кардани чор дари баста, берун овардани ҷасад аз дарё ва ...

Ҳар рӯз наҷотдиҳандагони Воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳама гуна кумакҳои лозимро мерасонанд: ғарқшавандагонро наҷот медиҳанд, ёрии аввалини тиббӣ мерасонанд, дарҳои бастаро боз мекунанд, одамонро аз дохили лифтҳои азкормонда берун мекашанд. Аммо ҳодисаи даркушоӣ вақтҳои охир хеле зуд-зуд рух медиҳад.

Ҷашни Парчам дар Раёсати Кумита дар ВМКБ

Бахшида ба Рӯзи Парчам 22-юми ноябри соли равон, ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ВМКБ дар раҳпаймоӣ, ки бо ибтикори МИМҲД-и вилоят гузаронида шуд ба пуррагӣ иштирок намуданд. Дар роҳпаймоӣ кормандони Раёсат бо Парчами Давлатӣ ва овезаҳо оид ба ин санаи муҳим дар даст дошта, фаъолона иштирок намуданд.
Дар нимаи аввали  рӯзи 23-юми ноябр дар Раёсат бахшида

Баррасии таҳкими равобити КҲФ ва GIZ (Олмон)

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон лоиҳаи нави Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон, ки Вазорати иқтисод ва рушди Олмон барои таҳкими иқтидори сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи ин анҷуман сармоягузорӣ мекунад, рӯнамоӣ шуд. Қарор аст ин тарҳ то соли 2022 идома кунад ва панҷ ноҳияи озмоиширо фаро гирад. Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки дар КҲФ пойгоҳи иттилооти  ҷуғрофӣ сохта шавад.

Биступанҷ нафар директорони мактабҳои шаҳри Ваҳдат соҳиби шаҳодатнома шуданд

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими эътои шаҳодатномҳо барои бисту панҷ нафар директорони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.

Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии

Дар Раёсати Кумита дар Суғд низ Иди Парчам доир шуд

Дар Раёсати вилояти Суғд бахшида ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Ҳайати шахсӣ дар ҳавлии Раёсат саф ороста, бо ироаи суруди миллӣ ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, Парчами давлатӣ барафрохта шуд.