Activities calendar

02 январи 2020

Дар сели азими пойтахти Индонезия 21 нафар ба ҳалокат расиданд

Борандагии шадид дар Ҷакарто-пойтахти Индонезия муҷиби омадани сели азим шуд. То кунун аз марги 21 нафар гузориш дода шудааст. Мақомот мегӯянд ин шадидтарин борандагӣ зарфи 24 соли охир будааст. Созмонҳои ҳавошиносӣ, иқлимшиносии Индонези гуфтаанд, ки  як истгоҳи ҳавошиносӣ дар фурудгоҳи Ҷокартои шарқӣ 377 миллиметр борандагӣ дар як рӯзро сабт кардааст.

Аввалин тармаи соли 2020 дар Майхӯра. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад

Тағйири ҳаво, сардиҳо ва резиши барфи тар ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои баъзе манотиқи кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Бар асари бориши шадиди барф аввалин тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба қайд гирифта шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар ҳушдор медиҳад: АЗ САФАРҲОИ БИДУНИ ЗАРУРАТ ХУДДОРӢ НАМОЕД!