Activities calendar

03 январи 2020

ОҶИЛ: Наҷоти се тан аз зери тарма. Вазъ дар роҳи Душанбе-Айнӣ пурташвиш боқӣ мондааст

Лағзиши тарма рӯзи панҷшанбе, 2-уми январи соли равон хатари шадиде ба ҷони одамон дошт. Се нафар аз ҷумлаи кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS зери ғарами барфи азим монданд ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии як тадбири муштарак бо кормандони IRS ин се танро аз зери барф берун оварданд.