Ҷузъиёти сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. Касе зинда намонд
Чоп шуд: 08/01/2020 | admin
Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймои Боинги ширкати ҳавопаймоии Украина, ки субҳи имрӯз дар Теҳрон сарнагун шуд, кушта шуданд. Дар ин бора Рейтер истинодан ба гузориши телевизиони Эрон хабар дод. Ин ҳавопаймо фурсате баъд аз он ки аз замин боло шуд, сарнагун гардид. Намояндаи вазорати авиатсияи Эрон Ҷаъфарзода ба РИА Новости хабар додааст, ки дар ҳавопаймо 167 нафар сафар доштанд.