Activities calendar

24 апрели 2021

Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ. Панҷ нафар ҷавонони аз 18 то 22-сола маҷруҳ шуданд

Субҳи рӯзи 23-уми апрели соли равон, дақиқан соати  08:30 дақиқа дар километри 100-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар мавзеъи  деҳаи Работи ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Автомашинаи тамғаи  “Таёта-Кемри”, ки аз ҷониби як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба ҷарии умқаш 15-20 метр дар соҳили Фондарё сарозер шуд.

Дар олам беш аз 3 миллиону 100 ҳазор нафар аз коронавирус ҷан бохтанд. Шумори олудашудагон аз 146 миллион гузашт

Шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар олам ба 146 миллиону 274 ҳазору 580 нафар расид ва 124 миллиону 386 ҳазору 172 нафар пурра муолиҷа шуданд. Аз ин беморӣ то кунун  3 миллиону 100 ҳазору 333 нафар ҷон бохтанд.

Кишварҳое, ки бештар мубтало ба КОВИД-19 доранд: