Activities calendar

07 апрели 2021

Наҷоти як саг аз ҷониби имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

6 апрели соли равон соати 20:36 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шафати муассисаи таҳсилоти умумии №16 шаҳри Душанбе дар як новадон саге дармондааст ва наметавонад аз он берун шавад.

Ҳама талоши сокинон барои берун овардани он бенатиҷа буд,

Тарма чист? Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?

Аввали баҳор мавсими борону жола ва лағзиши тарма аст. Гармтар шудани дамои ҳаво маъмулан дар роҳҳои кӯҳӣ ду хатари аслиро ба бор меоранд, ки яке лағзиши эҳтимолии тарма аст ва дигаре резиши санг. То ин ҷо мо хабарҳои зиёде доштем, ки чӣ миқдор тарма омад ва роҳҳоро пӯшонду ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Тарма чист ва кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард? Калонтарин тармаҳои олам кадомҳо буданд?

ДОНИШ: Дар замони динозаврҳо бешаҳои тропикӣ набуданд

Афтиши як сайёраки (астероид) бузург ба Замин на танҳои динозаврҳоро ба ҳалокат расонд, балки дигар намуди организмҳои зиндаро аз миён бурд. Ин рӯйдод бино ба гуфтаи олимон 66 миллион сол пеш рух додааст. Бар асари ин ҳодиса дар рӯи Замин ҷангалҳои тропикӣ пайдо шудааст. Донишмандон баъди пайдо кардану омӯхтани баргҳои сангшуда ва гарду ғубор дар Колумбия ба ин натиҷа расидааст.