Activities calendar

07 сентября 2021

Паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳои кишвар (ВИДЕО)

7 сентябр ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!

Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд.

Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ, яъне муҳофизони истиқлоли Ватан, марзу буми давлати соҳибихтиёр ва ҳомиёни қонунияту тартибот оғоз мешавад.

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷониву вайронӣ надошт

Дирӯз соати 14:11 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он  178 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 14 киллометр ҷануби дар ноҳияи Тоҷикобод буд.

Қувваи зилзила дар маркази он 3 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод  2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.