Covid-19: Шумори мубталоён ба 231 миллион ва ҷонбохтагон ба 4,8 миллон нафар наздик мешавад
Чоп шуд: 23/09/2021 | admin![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/koronavirus2_12.jpg?itok=odMvIpez)
Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то субҳи имрӯз, 23 сентябри соли 2021 дар олам 230 миллиону 947 ҳазору 956 нафар гирифтори коронавирус Covid-19 шуда буданд. Зарафи шабонарӯзи гузашта 280 ҳазору 169 нафар чун мубталои нав сабт шуд. Теъдоди фавтидагон ба 4 миллиону 734 ҳазору 237 нафар расид ва зарфи 24 соати сипаришуда 5 845 нафари дигар аз ин бесорӣ ҷони худро аз даст доданд.