Activities calendar

27 сентября 2021

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то 29-уми сентябри соли 2021 дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар аст.

Ҳамчунин КҲФ ёдовар мешавад, ки дар қисмати ғарбии...

Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисорот нест

Субҳи имрӯз, 27 – уми сентябри соли 2021, соати 10:40 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон замин ларзид. Маркази ин заминҷунбӣ 380 километр ҷанубу шаҳрқии шаҳри Душанбе ва 45 километр шарқи кӯли Сарез буд.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 5 балл, дар кӯли Сарез ва ноҳияи Мурғоб 3 балл, дар Хоруғ 2 балл буд.
Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст. 

Машқи ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 659 аз 21 декабри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои 2021» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудуди Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 232,2 миллион гузашт ва беш аз 4 миллиону 762 ҳазор нафар ҷон бохтанд

Шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам субҳи имрӯз, 27-уми сентябр  232 миллиону 608 ҳазору 482 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 762 ҳазору 082 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 63 924 нафар олудаи коронавирус шуданд ва 1 237 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 209 миллиону 242 ҳазору 666 нафар гуфта шудааст.

Ҷасади як моҳигири 33-соларо, ки дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуда буд, пайдо карданд

Ҷасади як марди 33-сола, ки ахиран ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.

Ин ҳодиса 25-уми сентябри соли 2021 рух дода буд. Бегоҳӣ, соати 18:00 ба Қистми навбатдории КҲФ хабар доданд...