Activities calendar

29 сентября 2021

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз бодҳои шадид, хокбод ва боду борон дар ду-се рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки муддати 24 соати оянда дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ хокбод боқӣ мемонад.

Рӯзҳои 1-2 октябри соли 2021 вазиши шамоли сахт бо

Дар Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравӣ ба истифода дода шуд

28 – уми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон майдони варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд. Дар ин маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода иштирок намуд.

Мушкили гардишгарони рус. Онҳо бо ваксинаи русӣ иҷозаи сафар ба хориҷ надоранд

Сокинони Русия зарфи чанд моҳи охир ба хотири рафтан ба мавзеъҳои сайёҳии олам талош мекунанд “ваксинҳои  сайёҳӣ” гиранд. Онҳо бештар ба кишварҳои Аврупо мераванд ва худро бо вакиснаҳое, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тасдиқ кардааст, эм мекунанд. Ҳадафашон ин аст, ки аз ин ба баъд бе ягон монеъа ба сайру саёҳати олам раванд.

Дар айни замон ягон ваксинаи тавлиди Русия аз ҷониби кишварҳои Аврупо  тайид нашудааст ва ваксаншудагон ба ин вакиснаҳо иҷозати сафар ба гардишгарӣ надоранд.

Имдодгарон боз як дари бастаро боз карданд, ки дохили он тифли чорсола танҳо монда буд. Дар 6 моҳ 96 дари бастаро боз карданд ва 35 нафарро наҷот доданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дари бастаеро бо даъвати соҳиби хона боз карданд, ки дохили он як кӯдаки хурдсол танҳо монда буд.

Ин ҳодиса дар кӯчаи Сино 64 рух додааст. Модари ҷавон ба коре берун рафтаву вақте баргаштааст, дари  худро...