Activities calendar

03 сентября 2021

Ёздаҳ филми беҳтарин дар бораи суқути ҳавопаймоҳо

Олами синамо ба суқути маргбори ҳавопаймоҳо аз ибтидо таваҷҷуҳи хоса доштааст. Ҳарчанд бисёре аз ин филмҳо аз рӯйдодҳое ҳикоят мекунанд, ки ҳавопаймо ҳангоми парвоз ё рабуда мешавад ва ё ба дасти ким-кадом гурӯҳи ҷиноӣ меафтад, ҳодисаҳое назири харобии тайёра дар ҳаво ва талоши халабонҳо барои наҷоти ҷони одамон низ аз ҷумлаи мавзӯҳои мавриди тасвир дар синамо будааст.

Кумаки техникии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои техникии дастаҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Тоҷикистон 3 сентябри  соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Се амали наҷот дар як шабонарӯз. Имдодгарон дар хонаи дарбаста ҷасади як марди 45-соларо пайдо карданд

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар се ҳолати фавқулодаро бартараф карданд.

Чунончӣ, 2-уми сентябри соли 2021 соати 09:01 дақиқаи вақти  маҳаллӣ дар 345 километрии роҳи мошингарди Душанбе  - Кӯлоб-Дарвоз-Хорӯғ, дар наздикии деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз резиши санг ба қайд гирифта шуд.