Activities calendar

15 сентября 2022

Ду хабар аз рӯзи гузашта

Ду хабар аз рӯзи гузашта

13 сентябри соли 2022 соати 18:00 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар дарёи Кофарниҳон як сокини 10-солаи деҳаи Камароби ҷамоати деҳоти ба номи У.Назарови ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ғарқ шудааст.

Ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар

Ҷаласаи Платформаи милли коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд (ВИДЕО)

14 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбари Ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳокимшо Латифзода ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа беш аз 15 нафар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд.