Activities calendar

24 сентября 2022

Кумаки навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз низоъҳои сарҳадӣ зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Тавре ба ҳамватанонамон маълум аст, дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардид.

Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.

Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки ба Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид

23 сентябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин вориди кишвар гардид, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд.