Аз саҳифаҳои таърих. Садамаҳои сентябрии чархболу ҳавопаймоҳо
Чоп шуд: 02/09/2022 | redaktor
2 сентябр Афғонистон чархболи MI-8 MTV, ки мутааллиқ ба ширкати молдовии Valan International Cargo Charter буд, баъди чанд дақиқаи ба ҳаво хестан аз шаҳри Мазори Шариф сарнагун шуд.
Ғайр аз се узви экипаж дар он 11 мусофир аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон сафар доштанд. Дар ин ҳодиса ду узви хадама ва 10 мусофири афғон ҳалок шуданд, ду нафар зинда монданд.