Комиссияи эвакуатсионии ВМКБ дар Хоруғ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд

5 декабри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Раиси Комиссияи эвакуатсионии вилоят натиҷаҳои кор дар соли 2022 ҷамъбаст гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, намояндагони муассисаю ташкилотҳо, ки аъзои Комиссия мебошанд, иштирок доштанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа ду масъала: рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 № 648 «Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати кӯчонидани муташаккили муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023 ” дар солҳои 2021-2022  ва эвакуатсияи аҳолии навоҳии наздисарҳадӣ дар ҳолатҳои фавқулодда гузошта шуда буд.

Зимни ҷаласа раиси комиссияи эвакуатсионӣ кори комиссияро дар ин давра ҷамъбаст намуда, вазифаҳоро оид ба беҳтар намудани банақшагирӣ ва ташкили чорабиниҳои эвакуатсионӣ барои соли 2023 тибқи нақшаи кории тасдиқшуда муайян намуда, масъалаҳои чорабинӣ дар мавриди вазъияти фавқулодда, нақшаи эвакуатсия дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ-ро дар миён гузошт.

Дар фарҷоми ҷаласа раиси комиссияи эвакуатсионӣ барои ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда дастуру супоришҳо дод.

барчасп: