Activities calendar

19 январи 2023

Заминларза дар Тоҷикистон. Маркази он Афғонистон буд

19-уми январи соли равон соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки бино ба гузориши Институти зилзиласанҷии кишвар маркази он қаламрави Афғонистон буд.

Бино ба иттилои ин манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 4 баллро ташкил дод. Дар Душанбе он 2 балл буд.

Корҳои наҷоти шабонарӯзи гузашта. Чанд маслиҳати муфид ба волидоне, ки тифлонашонро танҳо дар хона мемонанд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта се маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои расонидани ёриҳои фаврӣ аз қароргоҳи худ берун шуданд. Думаротиба бо даъвати сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сомонии пойтахт, ки мегуфтанд аз оби зиёд таҳхонаи хонаҳояшон пур шудаву хатар ба манзилҳои истиқоматӣ таҳдид мекунад.