Activities calendar

31 январи 2023

Санҷиши минтақаҳои ба ҳолатҳои фавқулода осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз роҳандозии корҳои омодагӣ ба боронҳои шадиди аввалбаҳорӣ хабар дод. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023»...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво зарфи чанд рӯзи охир ва баъдан боридани барфу борон аз 31-уми январ то 2-уми феврали соли ҷорӣ  дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Бархӯрди се мошини боркаш дар роҳи Душанбе – Варзоб. Ронандаи яке аз ин мошинҳо маҷруҳ шуд

Дар километри 60-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд як мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz-Atego” ба ду боркаши дигар тамғаи “ДУЛАН” бархӯрдааст ва аз ин ронандаи “Merсedes-Benz-Atego” сахт маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати...