Ҳалокати духтари 16-сола дар оби яхбастаи дарёи Хонақоҳ. КҲФ: Волидон набояд фарзандони нобилағашонро беназорат гузоранд!
Чоп шуд: 20/01/2023 | redaktor![](https://www.khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/www.enisey.jpg?itok=gZkU60f6)
Рӯзи гузашта, 19-уми январ тахминан соати 16:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд. Бо талоши ҳамсоҳо писарбача аз марг наҷот дода шуд.
Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 дақиқа идома кард.