Activities calendar

09 январи 2023

Ҳавои сард ва бориши барф дар чанд рӯзи оянда. Кай ва дар куҷо?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 10-14-уми январи соли 2023 бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Русия дар қисмати бештари қаламрави ҷумшурб ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад.

Лағзиши тарма дар роҳи Душанбе-Варзоб. КҲФ: Хатар ҳамоно боқист

9-уми январи соли равон, соати 00: 10 дарқиқа дар километри 67-уми дар роҳи мошингарди  Душанбе – Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ҷалб гардид. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Дар айни замон роҳ аз ғарами барф тоза карда шуд ва ба ҳаракати мошинҳо аз ду самт иҷозат шуд.