Activities calendar

25 январи 2023

Оғози семинари омӯзишии “Нақшабардорӣ ва арзёбии хатари пиряхҳо” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Барои постгоҳҳои КҲФ дар роҳҳо аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ёрии техникӣ расид

Барои таъмини бехатариву амнияти ронандагон дар роҳҳо дар фасли сарди зимистон ва расонидани ёриҳои фаврӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Айнӣ – Хуҷанд аз ҳисоби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои иловагии муваққатӣ ташкил карда шудаанд, ки шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирҳо барои вокунишҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода басо заруранд.