Ҳаводиси шабонарӯзи гузаштаи кишвар (ВИДЕО)

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ  аз як сел дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия хабар дод, ки рӯзи 6-уми августи соли равон наздик ба соати 23:50 дақиқа бар асари боронҳои пуршиддат омадааст. Дар натиҷа лойю лойоба ба 4 хонаи истиқоматӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 300 метр роҳи деҳа, зироатҳои кишоварзӣ қисман зарар расондааст.

Бо мақсади расонидани ёрӣ ба осебдидагон ва роҳандозии корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ аҳолии деҳа ва техникаи зарурӣ ҷалб шуд. Корҳои бартарафсозӣ идома доранд.

Бар асраи ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст. 

7 августи соли 2023 дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома дошт. Корҳои зери анҷом дода шуданд:

- барои расонидани ёрӣ ба оилаҳои зарардида, ҳамчунин бартараф намудани паёмадҳои офат 60 нафар сокинони деҳа ва 6 адад техникаи муҳандисӣ ҷалб шуд. Бо ҳашар 3 хонаи истиқоматӣ, ду бинои ёрирасон, 900 метр роҳи байни деҳаҳо, 500 метр селроҳа ва 120 метр латоки обёрии заминҳо аз ҳар гуна селовардаҳову лойю хок тоза карда шуданд.  Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ идома доранд. 

7 августи соли 2023 тахминан соати 00:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш  бар асари боло рафтани дамои ҳаво дар минтақаи Арчакаппаи деҳаи Сурхоби ноҳияи Нуробод сатҳи об дар рӯди Сугат боло рафт. Оби хориҷшуда аз соҳил 150-200 метр роҳро зери об кард. Ин минтақа бо сангу рег пӯшида шуд ва ҳаракати мошинҳоро муваққатан боздошт.

Ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

КҲФ  барои рафъи ҳолати бамиёномада чораҳои фаврӣ дид ва аз ҳисоби вазорати идораҳо дахлдор гурӯҳи корӣ созмон дода шуд, ки онҳо бо ҳамдастӣ барои рафъи паёмадҳои ин ҳодиса даст ба кор заданд.