Activities calendar

13 ноября 2023

Дар Қазоқистон Форуми навбатии минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба поён расид

Тавре қаблан хабар дода будем, 10 ноябри соли 2023 дар шаҳри Алмаато Форуми навбатии минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода иштирок намуд.

Сабти ду ҳодисаи заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат

Бино ба маълумони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13 ноябри соли равон соати 00:54 дақиқаи вақти маҳалллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буд.

Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.