Activities calendar

17 ноября 2023

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар қисми ҳарбии КҲФ

15 ноябри соли 2023 дар яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия, инчунин омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No14-и ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рафъи оқибатҳои ихроҷи гази моеъ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ширкат карданд

15 ноябри соли 2023 соати 14:44 даққиаи вақти маҳаллӣ дар километри 27,5 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди мавзеъи Мурутак мегузарад, аз систернаи мошини сӯхтбари тамғаи “Волво”, ки 20 тонна гази моеъ интиқол медод, бо сабабҳои техникӣ ихроҷи газ мушоҳида шуд. Ин мошин аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.
Бо  мақсади эҳтиёт аз эҳтимоли таркиши мошин бар асари