Activities calendar

24 ноября 2023

Васфи Парчам дар суханони Пешвои миллат

Ҷашни Рўзи парчам - эҳтиром ба рўҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рўҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рўдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Дар Раёсати Суғд бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ ҷаласа барпо шуд

24 ноябри соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.

Сараввал муовини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд подполковник Қӯчаков Ҷамшед ҳамаи ҳозиринро табрик гуфта, доир ба таърих Парчами давлатӣ ибрози андеша намуд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2023 08:00

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи муқаддаси соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям.

Омӯзиши дурӯзаи тиббӣ барои кормандони Раёсати КҲФ дар Суғд

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандони тиббии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қисми ҳарбии Кумита, ки дар минтақа ҷойгир аст, 20 нафар кормандон аз курси дурӯза оид ба таъмини ёрии аввалин ба осебдидагон дар ҳолатҳои фавқулодда гузаштанд.