Activities calendar

21 ноября 2023

Наҷоти як гурба. Ин на аввалин ҳодисаи кумак ба ҳайвонот аст

Бегоҳии рӯзи гузашта як сокини кӯчаи ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зад, ки дар шохи дарахти назди бинои истиқоматии онҳо гурбае дармондааст. Ин гурба то ба боло баромада ва акнун худ наметавонад мустақилона поин шавад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тағйири ҳаво дар рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда тағйири боду ҳаво дар назар аст.

Чунончӣ, рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2023 дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад, дар минтақаҳои алоҳида борон ва як қатор...