Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар қисми ҳарбии КҲФ

15 ноябри соли 2023 дар яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳия, инчунин омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии No14-и ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Баромандкунандагон дар суханрониҳои худ аз хидматҳо ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори истиқлолияти Тоҷикистон ва фаъолияти ӯ дар солҳои душвортарин барои миллати тоҷик, таъкид намуданд.

Дар ин ҷамъомад аз ҷумла гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи мубораку таърихӣ асрҳои аср ёд хоҳад шуд, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия намояндагони қишру гурӯҳҳои мухталиф сари тадбир омаданду арзиши миллият ва тоҷикиятро болотар аз хостаҳои дигар гузоштанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз заминаҳои мусоидро барои давлатсозиву давлатдорӣ фароҳам овард ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид.

Ҳамагон хуб медонанд, ки барои расидан ба рӯзҳои неку рӯзгори осоиштаи халқ, заҳмату талош ва ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сутуданист ва намунаи ибрати ватанхоҳиву ватандорист. Пешвои миллат бо хидматҳои арзишманду мондагори худ устураи ватандориву миллатдӯстӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватан гардидааст.

барчасп: