Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои оянда тағйири боду ҳаво дар назар аст.
Чунончӣ, рӯзҳои 22-23 ноябри соли 2023 дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад, дар минтақаҳои алоҳида борон ва як қатор навоҳии кӯҳии кишвар боридани барф дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки корҳои саҳроии мондаро сари вақт ба анҷом расонанд, дар ҷамъоварии ҳосили расида таъхир накунанд. Дар ҳоле агар коҳҳои дар саҳро монда доранд, пас барои аз борон осеб надидан онро сари вақт рупӯш кунанд.
Бештар ба чорвои хонагӣ ва чорвои саҳро эътибор бояд дод.
Мо аз шаҳрвандон хоҳиш мекнуем ҳангоми гаштугузор дар кӯҳҳо дар чунин ҳаво хеле эҳтиёткор бошанд. Дар чунин рӯзҳои борониву сард бачаҳоро ба ғунучини ҳезуму алаф ба кӯҳу доманакуҳҳо нафиристанд. Чорвочаронӣ ва моҳигирӣ ҳам дар ҳамин рӯзҳо маслиҳат нест.
Пӯшидани либоси мавсимиро фаромӯш накунед. Маъмулан бисёре аз бемориҳо бар асари сармохӯрдагӣ рушд мекунанд.
Ронандагони мошинҳо набояд ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ суръати ҳаракатро боло баранд. Риояи қоидаҳои бехтараӣ ва фосилаи ҳаракат гарави аслии амният дар роҳҳост.
Кумита аз гардишгарон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд ва самтҳои ҳаракати худро бо Кумита ҳамоҳанг созанд.