ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ - ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд”.

Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ сияҳкору  фитнаҷӯ  ва ҳаммаслакони онҳо ҳамчун сиёҳкорон ба ҷомеа зарар расонда,  фитна ангехтаву дурӯғ паҳн карда, ҷавононро гумроҳ намуда, ба роҳҳои нодуруст мебаранд. Наҳзатиҳо бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон иборат аз гурӯҳҳои 2 - 3 нафара, зери номҳои гуногун, вале дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯиё  байни худ ба созиш расида, дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» муваффақ шуда бошанд. 

Тоҷикистон дар интиҳои асри XX бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Ҷанг боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Хушбахтона, тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуд, имрӯз тамоми мардум сарҷамъ ва дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагонӣ доранд. Дар айни ҳол ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Мутаассифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истода санги маломат ба тарафи мо мепартоянд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани Ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад.  Ҳарчанд ашхоси номбурда зодаи Тоҷикистонанд, вале дар асл муносибати дурушт бо Ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблианд, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Ҳарчанд роҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург аз ҳақиқат огаҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, аммо ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

Аз ин рӯ, дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа моро беш аз пеш зарур аст, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.

Беҳзод АЗИЗҚУЛОВ ва  Хушбахт АХМЕДОВ, 
устодони Донишгоҳи давлатии молия
ва иқтисоди Тоҷикистон

Бозчоп аз рузномаи “Ҷумҳурият” аз  27.11.2018    

барчасп: