Ҳалокати ду ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Исфара
Чоп шуд: 04/08/2025 | redaktor
3 – уми августи соли 2025, тақрибан соати 12:30 як сокини 8-солаи деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар соҳили дарёи Исфара аз беназоратии волидайн дар дарё ғарқ шудааст.
Бо дарёфти хабар афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Исфара, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо аҳолии деҳа, соати 14:20 дақиқа 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.