Activities calendar
28 августа 2025
Заминларза. Маркази он Афғонистон буд
Чоп шуд: 28/08/2025 | redaktor
Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли 2025, соати 18:27 дақиқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза 298 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 45 километр ҷанубу ғарб аз ноҳияи Ишкошим, 104 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.