3 – уми августи соли 2025, тақрибан соати 12:30 як сокини 8-солаи деҳаи Хонободи ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар соҳили дарёи Исфара аз беназоратии волидайн дар дарё ғарқ шудааст.
Бо дарёфти хабар афсарони бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Исфара, ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо аҳолии деҳа, соати 14:20 дақиқа 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
2-уми августи соли 2025, соати 12:56 дақиқа як сокини 12-солаи кӯчаи Чавлибой, хонаи №108, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор, воқеъ дар маҳаллаи Ободкорони ноҳияи Сино аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Ҳангоми роҳандозии корҳои кофтукобӣ, рӯзи 3-уми августи соли 2025, тақрибан соати 14:40 дақиқа ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба сокинон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Дар ду мавриди ғарқи об шудани бачаҳо дар ду рӯз омили аслӣ ҳамин беназоратӣ буд.