Activities calendar

20 феврали 2026

АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни дигар баромаду вохӯриҳо бо низомиёни мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтаъғйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳайти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали

КҲФ-СУҒД: ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА

 "ВАТАНДӮСТӢ АЗ БОҒЧА ШУРӮЪ МЕГАРДАД"  таҳти ин унвон оғоз гардид чорабинии идона.

     Намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тибқи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 33 юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар кӯдакистони 23 дар чорабинии идона иштирок намуданд.