Activities calendar

21 феврали 2026

КҲФ-ХАТЛОН: ТАНТАНҲОИ ИДОНА

Санаи 20 феврали соли 2026 ҳамоиши тантанавӣ бо  ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 33-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид..

Бо сухани ифтитоҳӣ полковник Ҷалолзода А-муовини сардори Раёсат баромад намуда, аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар таъсис, рушд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, нақши Артиши миллӣ дар таъмини амнияти давлат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолиятро муҳим арзёбӣ намуд.

КҲФ-СУҒД: ЧОРАБИНИИ ИДОНА

 Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд..

      Муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, афсарону прапоршикон ва хизматчиёнро аз номи Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуд.