Activities calendar

05 феврали 2026

КҲФ: Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо намояндагони Сафорати Канада

5 феврали соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории намояндагони Кумита бо намояндагони Сафорати Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Ҷумҳурии Қазоқистон) баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Сафорати Канада консул ва мушовир оид ба масъалаҳои маъмурӣ ҷаноби Николя Эмон ва корманди бахши консулӣ хонум Газиза Амандик иштирок намуданд.