Ҳунарманд ва ҳунармандӣ

Бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин иқдоми пешгирифтаи  Ҷаноби  Олӣ барои  боз ҳам  беҳтар муаррифӣ  кардани ҷаҳониён  бо давлату миллати тоҷикон пояи устувор мегузорад. Бояд қайд намуд, ки  маҳз иқдоми мазкур ба ташкилёбии  Кумитаи рушди сайёҳӣ замина гузошт.

Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар дарахти босамареро мемонад, ки шабеҳи меваҳои болаззату хурданбоб. Шахси боҳунар дарёеро мемонад, ки онро ҳар замон обест зулолу ошомиданӣ.

Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.

Шахси ҳунармандро ҳар як дақиқаи умр ғанимат аст ва онро баҷою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лаҳзае беманфиат гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое ҷомае медӯзад, аз гуле гулзор ҳосил мекунад. Бо дастони ҳунарманду бузургу меҳнатофаринаш ақли бинандаро асир месозад. Ҳунарҳои волоӣ ҳунармандони асилро дида бешубҳа ононро ҳунармандони бузургро номгузорӣ мекунем, ки ин номҳои бузург бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:

Бе дарду ранҷ, ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Музди меҳнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омӯхтани ҳунари бузургаст. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ранҷе доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамон еёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунаре омӯзанд. Бехабар аз он ки омӯхтани ҳар як ҳунари воло инсонро дар зиндагӣ воломақому соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад.  Тавре бузургон мегўянд:«Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зояндааст».

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар як коргоҳи бузургест, ки доимо ҳамсафари касони боистеъдодаст. Яъне, ҳунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва ба куҷое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намеояд, ки боиси рузгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо ҳунари волояш машҳур гашта, қудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.

Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзишаст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани  ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад. Ба гуфти Кайковус:
«Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун муғулон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд мекунад, на дигаронро».

Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониши кас вобастагӣ дорад. Дар дунё каси бе айб нест. Лекин кӯшиш бояд кард, ки ҳунарманд буд, зеро каси хунарманд бе айб аст. Дӯстонро низ ҳунарманд бояд интихоб кард, зеро дӯсти бе ҳунар занҷири костаро мемонад, ки бо андак беэътиноӣ канда мегардад ва ҳангоми душворие зуд мегурезад.

Ай баст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳиб ҳунаре, ки ботамиз аст.
Дар дидаи мардумон азизаст.

Ҳунарманд агарчӣ норасоии зиёд дошта бошад, бо дастони  бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба ҳайрат гузорад.
Бекорӣ — вабои тан аст мегӯянд.

Модом, ки бекорӣ дард меовардааст, пас ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхт, ки ҳунари волое ба даст овард. Дастболо буд, муҳтоҷ нагардид, зеро ҳунари воло нишондиҳандаи бузургии кас аст. Ҳунари воло муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Ҳунар омӯз дар кадом ҳолате ки набошад, мекӯшад чизеро омӯзад, ҳунарашро сайқал диҳад, машҳур ва созгори атрофиён гардонад.

Хулоса, ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои чолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст.

лейтенанти калон  Ҷ. Холов

- афсари калони шуъбаи

Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита