Маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба ҳолати роҳҳои ҷумҳурӣ то соати 17:00-и рӯзи 16 январи соли 2019

Рӯзҳои 15-16 феврали соли 2019 боришоти пайваста дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб ва Рашт- Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон сабабгори лағзиши тарма шуданд. Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад. Тарма дар роҳи Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ –Мурғоб сабабгори қатъи муваққатии ҳаракати мошинҳо шуд.

Ҳамчунин тарма роҳи мошингарди Рашт - Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистонро баст.

Дар ҷойҳои лағзиши тарма техникаи поккунандаи роҳ эъзом гардид ва дар муддати кутоҳ роҳҳо барои аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо омода шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳолати роҳҳо дар қаламрави кишвар то соати 17:00 16-январи соли 2019-ро пешкаш мекунад:

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Рашт-Лахш-Кирғизистон, Душанбе -Чаноқ, ҳамчунин ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак ва Фахробод пурра тоза карда шудаанд ва мошинҳо дар ҳаракатанд.  Роҳи мошингради Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи-Хумб,  Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Роштқалъа,  Хоруғ –Мурғоб тоза карда мешавад ва муваққатан баста мебошад. 

 Имрӯз дар шаҳри Хоруғ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Кӯҳистони Бадахшон Ё.Файзов ҷаласаи фаврии Ситоди бартарафсозии офатҳои табииро баргузор намуд. 

Дар ин ҷаласа масъалаҳои сари вақт тоза кардани роҳҳо ва таъмини фаъолияти муназзами муассисаҳои маориф ва тандурустӣ мавриди барарсӣ қарор гирифтанд.   

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи ронандагон мерасонад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои мошингард барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риояи кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд ва масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Ҳамчунин ба самъи ронандагон мерасонем, ки дар аксар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳӣ туман боқӣ мондааст ва ин ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Эҳтиёт кунед!!!

барчасп: