Заминларзаи субҳи имрӯз талафоту хисороте надошт

Соати 09:33 дақиқаи вақти Душанбе сокинони пойтахти кишвар такони сахти заминро эҳсос карданд. Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази заминларза  даҳкилометрии шарқи Душанбе буд ва қувваи он дар марказ  4 баллро ташкил медод.

Бино ба ҳамин маълумот қувваи заминларза дар шаҳри Душанбе 3-4 балл буд.

Айни замон аз талафоти ҷониву хисороти дигар иттилоъ нарасидааст.

 

барчасп: