Ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита  генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иштироки муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар Д.Холиқзода ҷаласаи мушовараи КҲФ оид ба нимсолаи аввали соли 2019 баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ҳамчунин командирони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд. 

Дар рӯзномаи маҷлис ду масъала буд: ҷамъбасти кори воҳидҳои сохтории КҲФ дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2019.

Дар ҷаласа масоили вобаста ба фаъолиятҳои КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар шаш моҳи сипаришуда, дастовардҳо ва камбудиҳо, таъмини минбаъдаи бехатарӣ дар махзанҳои об, ҳамчунин чорабиниҳои банақшагирифташуда дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд то охири соли 2019 барарсӣ шуданд. 

Аз ҷумла, ҳисоботи роҳбарони Сарраёсатҳои КҲФ, Раёсатҳо дар ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, Раёсати қувваҳо, Шуъбаи кор бо ҷомеа ва Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар бораи корҳои анҷомдодаи худ ва пешниҳодҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо  шунида шуданд. 

Татбиқи маҷмуи чорабиниҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва рӯйдодҳо, ҳалокати одамон дар онҳо, таъмини омодагии неруҳо ва воситаҳои КҲФ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, иҷрои Барномаи рушди Кумитаи ҳолатиҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2018-2022, беҳбуд бахшидан ба корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин гузаронидани  омӯзишҳои амалӣ бо аҳолии ноҳияҳое, ки дар минтақаҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ ҷойгиранд, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи дуввум дониста шуданд.  

Зимни суханронии худ Раиси КҲФ дар бораи таҳкими кори пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш дар обҳо дастур доданд.  “Ба мо лозим аст боз ҳам бештар фаъол бошем, то ин ки ҳаёти инсонҳо, бахусус кӯдаконро ҳифз намоем, онҳоро аз хатар наҷот диҳем”,- таъкид намуданд Раиси КҲФ.

Роҳбари Кумита ҳамчунин зикр намуданд, ки минбаъд низ тафреҳгоҳҳои беиҷозат дар соҳили обҳоро кашф бояд кард, бояд дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ-иттилоотиро дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об ба роҳ монд, назорати истифода аз заврақҳои хурд, аз ҷумла он заврақҳоеро, ки истироҳаткунандагонро дар обҳо мекашанд, ба роҳ бояд монд. Ҳамчунин ба роҳбарони воҳидҳои наҷоти Кумита дастурҳо дода шуданд. 

Дар ҷаласа инчунин диққати асосӣ ба масъалаҳои ҳолати омодагиҳои ҳарбӣ, сиёсии қисмҳои ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳ, ташкили пойгоҳи истеҳсолӣ, нигаҳдорӣ ва таъмири техника, силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбиву хидматӣ, ҳамчунин масъалаҳои такмили ихтисоси кормнадони КҲФ, татбиқи барномаҳои омӯзишии интерактивӣ барои гузаронидани курсҳои омӯзишӣ диққати махсус дода шуд. 

Баъдан ҳисоботи командирони қисмҳои ҳарбии Кумита шунида шуданд. Ба онҳо барои беҳтар кардан ва ислоҳи камбудиҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи қисмҳои ҳарбӣ дастурҳои мушахас дода шуданд. 

Бар асоси ҳисоботу маърӯзаҳои шунидашуда  ҳайати Мушовара дар мавриди рӯзномаи маҷлис қарор қабул намуд. 

 

барчасп: